Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи марди 40-солаи сокини шаҳри Левакант ворид гардидааст, ки 15-уми октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай портер”, ки дар кучаи А.Собиров, ҷамоати шаҳраки Ҳоҷамастони ноҳияи А.Ҷомӣ беназорат меистод, як адад телефони мобилии тамғаи “Поко” ва маблағи 4 ҳазору 700 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дстгир карда шуд. 
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 63-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳуҷҷатҳои Ҷамъияти хуқуқии «Ниҳол», компютери тамғаи «Леново» арзишаш 500 доллари амрикоӣ, бо барномаи бухгалтери «С1», ки борандозии он 1 ҳазору 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

21.10.2025 8:15
22