Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар таҳти унвони “Баланд бардоштани нақши зан-корманд дар мақомоти корҳои дохилӣ”

13-17-уми октябри соли 2025 дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хучанд мизи мудаввар таҳти унвони “Баланд бардоштани нақши зан-корманд дар мақомоти корҳои дохилӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он коршиноси байналмилалӣ, сардори шуъбаи нозироти ташкилии Раёсати ВКД дар вилояти Таласи Ҷумҳурии Қирғизистон полковники милитсия Темирбаева Бермет Жунусалиевна, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳалимзода Заррина ва  муовини сардори Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зумрад ва корманд-занони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал,  муовини сардори Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зумрад иштирокчиёнро хушомадед гуфта, баъдан дар мавзӯъҳои “Стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба кор бо занон”, “Ҳадафҳои рушди устувор ва Қатъномаи СММ №1325” ва “Баланд бардоштани нақши занон дар мақомоти корҳои дохилӣ. Чораҳои андешидаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Баъдан муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Ҳалимзода Заррина дар мавзӯъи “Мақом ва нақши зан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа” ва натиҷаи сафари хориҷӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон вобаста ба мавзӯъи “Зан, сулҳ ва амният” баромад намуд.
Баромади худро бо суханони Пешвои миллат, ки нисбати зан-модар қайд кардааст, аз ҷумла “Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.” оғоз намуд. 
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва роҳбарияти кишвар ба мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Қайд карда шуд, ки дар солҳои истиқлолияти кишвар дар масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва баробарии гендерӣ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Коршиноси байналмилалӣ Темирбаева Бермет Жунусалиевна дар презентатсия чорабиниҳои андешидашуда дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баён гардиданд. Ин чораҳо ба такмил додани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла тасдиқи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва ғайра марбутанд.
Инчунин маълумот оид ба таъсиси Ассотсиатсияи занони милитсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, фаъолияти он ва нақши имрӯзаи он низ ироа гардид. Гуфта шуд, ки ин ассотсиатсия 1 октябри соли 2010 таъсис ёфта, баъд аз як сол узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии занони полис гардид.

21.10.2025 16:18
88