Дарси омӯзишӣ вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар РВКД дар вилояти Суғд
18-уми октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ (ФОҶ) дарси омӯзишӣ баргузор гардид. Машғулияти омӯзиширо бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандони дар самти оперативӣ фаъолиятбаранда олими соҳаи ҳуқуқшиносӣ мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич гузаронида, дар раванди он ҳайати оперативии шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Вобаста ба фаъолияти ошкоро ва ғайриошкорои мақомотҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ (МАФОҶ), талаботҳои қонунгузорӣ, ҳамбастагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” бо қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо, санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии танзимкунандаи ФОҶ тариқи суҳбати озод ва саволгузорӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Мутахассиси соҳаи ҳуқуқшиносӣ, маълумотҳои зарӯрии дар қонунгузори банду баст гардидаро мушаххасан шарҳу тавзеҳ дода, дар навбати худ ба мушкилоти дар амалия рӯбарӯшавандаи кормандони оперативӣ ҳангоми иҷрои уҳдадории хизматӣ таваҷҷуҳ ва ба онҳо дастурҳои методӣ дод.
Гуфта шуд, ки китобҳои дарсии ба ФОҶ бахшида шудаи Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сарчашмаи тавонои дастурӣ барои кормандони оперативӣ мебошад. Дар ин китобҳои соҳаи ФОҶ маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шудааст ва корманди аз он бархӯрдору огоҳ, метавонад бемушкилӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ уҳдадории касбиашро иҷро намояд.
Зимни дарси кушод ва суҳбати озоду ошкоро тамоми паҳлуҳои ФОҶ, ки баҳри ҳимояи ҳаёту саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, таъмини бехатарӣ дар ҷомеа, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нигаронида шудааст, мавриди муҳокимаю омӯзиш қарор гирифт.
Баргузории дарси омӯзишӣ ба дониши назариявӣ ва малакаи касбии кормандони хадамотҳои оперативӣ таъсир гузошта имконият фароҳам меорад, ки дар амалия зимни роҳандозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муваффақ шаванд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.



















