Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
18-уми октябри соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Даево-Нексия”, Пиров Ёқуб Сайдалиевич, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетонҳои иҳотавии байни роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Хидиров Насриддин Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Худи ронандаи автомашинаи мазкур Пиров Ё.С. дар беморхона бистарӣ гардидааст.
19-уми октябри соли 2025, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс-180”, Қурбонов Исматулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 50-60-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
19-уми октябри соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳасанов Ҷуманазар Ҳакназарович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷаомати деҳоти Оббурдон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Валиев Муртазо Мирзораҳматович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Ҳасанов Ҷ.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Валиев М.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















