Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду мусофирзан дар садамаи нақлиётӣ

16-уми октябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ХОНДЕ-ЕНСИ”, Ғафоров Сайидумар Сафарович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, як чорвои калони шохдорро зада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо автомашинаи боркаши тамғаи “ХОВА 3257 И3847”, таҳти идораи Назаров Дилшод Талбакович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи “ХОНДА-ЕНСИ”, Бобоева Хуморби, соли таваллудаш 1943 ва Ғафорова Сайрамби Сафаровна, соли таваллудаш 1969,  сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

18.10.2025 8:58
35