Дастгир гардидани марди 45-сола бо ҷурми азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар асоси фармоиши Шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод аз 4-уми сентябри соли 2023, дар вазифаи посбони шуъбаи мазкур таъин карда шуда, аз моҳи январи соли 2021 бидуни қабули фармоиши дахлдор дар табели музди меҳнати кормандони техникӣ ҳамчун посбон ному насабаш дарҷ карда шуда, дар давраи пурраи фаъолияти корияш умуман онро иҷро накарда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи сентябри соли 2025, дар табели музди меҳнати кормандон маълумоти бардурӯғро ворид намуда, 45 ҳазору 476 сомониву 79 дирамро азонихуд намуда, ба шуъбаи давлатии мазкур зарари молиявӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















