Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара
15-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Жумабек, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Қумсангир аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикли тамғаи “Скутер” таҳти идораи Камолов Саймиддин Саъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Камолов С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 16-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
15-уми октябри соли 2025, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ҳусайнов Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард Идиев Сайдаҳмад Ашурович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Ш.Шоҳинро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Идиев С.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















