Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2024 дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо роҳи фиреб ба бовариаш  даромада бо баҳонаи равнақ додани тиҷораташ 300 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки фоидаи ба даст овардашро тақсим мекунанд.
Аммо маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи худро бо номи «Шариф-Инвест» кушода дар он якчанд адад аксу наворҳои таҷҳизоти худхизматрасонии «Кафе»-ро гузошта худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, сипас шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сармоягузорӣ барои пешрафти фаъолияти соҳибкориаш даъват намудааст.
Номбурда ваъда додааст, ки барои пешрафти фаъолияти соҳибкориаш ҳар касе маблағгузорӣ намояд, давоми ҳар моҳ ба онҳо аз ҳисоби даромад 10 фисад маблағи пулӣ аз ҳисоби пардохти маблағҳояшон медиҳад. 
Моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 24 ҳазор доллари амрикоиро тавассути ҳамёни электронии “Сбербонк” гирифта, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.10.2025 8:47
32