Ҳалокати ронанда ва мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
14-уми октябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мототсикли дучарха Сатторов Абдуқодир Хоҷамқулович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи барқии ширкати “ҶДММ Сайёҳон” тамғаи “ GAC AION Y”, таҳти идораи ронанда Маҳмадрасули Ҷаҳонгиршоҳи Қурбоназарзода, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия, ронандаи ширкати мусофиркашонии “ҶДММ Сайёҳон”, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикли дучарха Сатторов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Шералиев Саидакбар Назаралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи (роҳсоз) ғалтак таҳти идораи Абдусатторов Эсан Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Мирзоева Бегимо Хушвахтовна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Панҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 15-уми октябри сори 2025 дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















