Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки соли 2017 бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар филиали ҶСП «Зарнисор», воқеъ дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд ҳамчун намояндаи савдо, яъне ронанда-молрасон фаъолият намуда, аз моҳи июли соли 2024 то моҳи июни соли 2025, мунтазам аз дохили фабрика гуштҳои мурғро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров ба фурӯш бароварда, маблағи 91 ҳазор сомониро азонихуд намуда, ба ҶСП «Зарнисор» зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати номбурда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.10.2025 8:33
30