Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марди 38-сола даст ба дуздӣ зад 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми октябри соли 2025, тахминан соати 03:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тойота Камри”, ки дар кӯчаи Валаматзодаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон” ва 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.10.2025 8:28
15