Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2024, марди 41-солаи сокини шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад экскватори тамғаи “Досан”, ки арзишаш 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ғайринақдӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин гумонбаршаванда моҳи январи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ як адад экскватори тамғаи “Хундай” арзишаш 170 ҳазор доллари амрикоро ташкил медиҳад, ғайринақдӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
















