Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар барои ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 6 ба 7-уми октябри соли 2025, тахминан соатҳои 02:00 ба 03:00, дар деҳаи Садоқати ноҳияи Фархор ду марди 30-солаи сокинони ҳамин ноҳия ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи ошкоро аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Редми”, ки арзишаш ҳазор сомонӣ ва 1 ҳазору 500 сомониашро тасарруф намуда, ӯро бараҳна карда аз наздашон зада пеш менамоянд.
Ҳангоме, ки гумонбаршавандагон ҷабрдидаро мавриди зӯроварӣ қарор додаанд, марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, то анҷоми муноқиша бо кирдорҳои ҷинояткоронаи гумонбаршавандагон иштирок намуда, сари роҳи ҷинояти мазкурро нагирифта, ё то ба имрӯз ба ягон мақомоти қудратӣ хабар надода, ин ҷиноятро пинҳон доштааст.
Нисбати ду марди 30-сола бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати марди 36-сола бо қисми 1 моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

15.10.2025 8:35
32