Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони воҳидҳои кадрӣ дар РВКД дар вилояти Суғд
Рӯзи 12 октябр санаи таъсиси воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ин ҷашни соҳавиро якҷо бо кормандони воҳидҳои кадрӣ, ҳайати шахсии раёсат ва собиқадорон таҷлил намуданд. Нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳайати иштирокдорон Суруди миллиро сароиданд.
Зимни маърузаи табрикотӣ сардори раёсат генерал майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода мақоми воҳидҳои кадриро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти бенуқсон, малака ва таҷрибаи дурусти ҷобаҷогузории кадрӣ имконият фароҳам меорад, ки номзадҳои арзанда ба кор дар сафи милитсия қабул ва минбаъд вазифаҳои дар назди МКД гузошта шуда амалӣ карда шаванд.
Муваффақияти фаъолияти мақомот то андозе ба коргузории дурустӣ кадрӣ вобастаги дошта интихоби номзадҳои арзанда, рӯҳану ҷисман обутобёфта, босаводу масъулиятшинос ба души кормандони самти кадрӣ вогузор шудааст. Ҳар куҷое, ки муваффақияти МКД дар иҷрои рисолати касбӣ дида шавад ё дар ин хусус таъкид меравад, ё ин ки сатҳи баланди истеъдоду қобилиятнокии ваколатдори оперативӣ, муфаттиш, нозири минтақавии милитсия, эксперт - криминалист ва кормандони дигар бахшу хадамотҳо васф мешавад фаромуш набояд кард, ки ин дастоварди дурусти фаъолияти хадамоти кадрӣ ҳаст. Зеро бо роҳандозии санҷишҳои низомномавӣ ва қобилияти баланди касбӣ масъули ин бахш дар интихоби номзад ва пешниҳоди ӯ ба вазифа иштибоҳ накарда тавониста. ки нафареро ба таъинот роҳ диҳад, ки минбаъд номбардори мақомот шавад.
Дар ҷараёни чорабинии идона бори дигар аз масъулияту кордонии масъулин гуфтанд.
Ҳамчунин собиқадори соҳа собиқ сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат, полковники мустаъфии милитсия Абдувалиев Р.Х., аз таҷрибаи фаъолияти кадриаш маълумот дода, дар иҷрои рисолати касбӣ ба насли ҷавони дар ин самт фаъолиятбаранда дастур дод.
Мавриди зикр аст, ки дар тамоми марҳилаи фаъолият аз оғози собиқаи хизматӣ дар сафи милитсия то рафтан ба нафақа ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорат ва сафарбарии хадамоти кадрӣ қарор доранд. Таъинотҳои вазифавӣ, сарфароз намудан ба рутба ва мукофотҳои соҳавӣ масъулияти касбии кормандони хадамоти кадр ва кор бо ҳайати шахсӣ мебошад. Рӯз ба рӯз зиёд шудани эътимоди шаҳрвандон нисбати фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва мавқеъи устувори милитсияи тоҷик дар низоми давлатдорӣ, таъмини амнияту субот ва мубориза бар зиди кирдорҳои зидиҳуқуқӣ самараи иҷрои босалоҳияти уҳдадориҳои вазифавӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва сохторҳои поёнии он дар минтақаҳо мебошад. Зеро тавре қайд намудем ин натиҷаи дурусти ҷобаҷогузории кадрӣ мебошад.
Дар рӯзи кормандони воҳидҳои кадрии МКД бо фармоиши сардори раёсат собиқадорон ва кормандони дар самти кадрӣ фаъолиятбаранда бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Дар хотима ба иштирокчиёни чорабинӣ лавҳаи телевизонӣ вобаста ба фаъолияти Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат ва сохторҳои поёнии он дар шуъбаҳои ВКД намоиш дода шуд. Хати сюжаи лавҳаи мазкур дар баробари самтҳои фаъолият коргузории хадамоти кадрӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва сатҳи ҷумҳуриявиро инъикос менамуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.























