Раёсати ташхиси (эксперт) – криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Раёсат: Рамазонзода Суҳроб Кароматулло – генерал-майори милитсия. Санаи таваллуд 1-уми апрели соли 1979, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, Донишгоҳи Давлатии миллии Точикистон ва Факултети № 1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 20 декабри соли 2002.
Мавсуф дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Аз ҷумла, муфаттиши криминалистии Шуъбаи назоратӣ - методии Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши Шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросони РВКД дар вилояти Хатлон.
Рамазонзода Суҳроб Кароматулло 22-юми апрели соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати ташхиси (экспертӣ) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то инҷониб адои вазифа менамояд.
Мавсуф тули фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофоти давлатӣ ва як қатор мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.














