Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили обрӯю эътибор ва ахлоқи шахсияти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, муовини сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор, сардори шуъбаи кушодани ҷиноятҳои муқобили моликияти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, муовини аввали Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
22 апрели соли 2025 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Тоҳир Барот ба вазифаи сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо, аз ҷумла «Аълочии милитсия» ва «Корманди беҳтарини оперативӣ» қадрдонӣ гардидааст.















