Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Раёсат: Назарзода Бахтиёр Бобо - генерал-майори милитсия, санаи таваллуд 2-юми марти соли 1971, миллаташ тоҷик. Маълумот - олии ҳуқуқӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Хизмат дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 1998.
Назарзода Бахтиёр Бобо фаъолияти хизматиашро ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оғоз намудааст. Ҳамин тариқ дар вазифаҳои ташхисгари шуъбачаи ташхисии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи 6-уми ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими РКҶ ВКД ҶТ, сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Назарзода Бахтиёр Бобо 22-юми апрели соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то инҷониб адои вазифа менамояд.
Мавсуф барои хизматҳои содиқонаю софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ бо як қатор мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ мукофотонида шудааст. Аз он ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1321 аз 25-уми августи соли 2012 бо медали "Ҷасорат" сарфароз гардонида шудааст.















