Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
10-уми октябри соли 2025, тахминан соати 20:00, хурдсол Саидзода Ҳанифа Самандар, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Ёвон ба ядаки дуюми трактори тамғаи “Белорусс-82”, таҳти идораи Шамсиев Нурмуҳаммад Ғаффорович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи мазкур, худро овезон карда, ҳангоми дар ҳаракат қарор доштани трактор ба замин афтида ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2025, тахминан соати 16:00, ронандаи мототсикли тамғаи “Мотолорел”, Ояҳмадов Асламшоҳ Давлатшоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми идора кардани мотосикл дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, дар гардиши роҳи деҳаи Оби Ширини ноҳияи мазкур чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















