Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб содир намудани қаллобӣ  

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, худро ҳамчун соҳибкори маъруф дар соҳаи хариду фурӯши тилловорӣ муаррифӣ намуда, дар ду марҳила дар умум 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз он 16 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, аз пардохти боқимонда 23 ҳазору 500 доллари амрикои саркашӣ намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.10.2025 8:47
21