Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ дар шаҳри Бӯстон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соли 2016 бо иловаи-3 қисми 2 моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 15-уми ноябри соли 2024, дар ҳудуди шаҳри Бӯстон бо роҳи фиреб ба боварии марди 69-солаи сокини шаҳри Норак даромада, бо баҳонаи бо соҳибкорӣ машғул шудан, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз он 13 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 12 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷӣкистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















