Даст ба дуздӣ задани марди 30-сола ва ноболиғи 17-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо асбобҳои сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















