Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ барои муфаттишон дар Раёсати  ВКД дар вилояти Суғд

Бо ташаббуси роҳбарияти шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади баланд намудани малакаи касбии муфаттишон дар самти яке аз амалҳои  тафтишоти пешакӣ - “Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса” бо иштироки муфаттишони шуъбаи тафтишоти дастгоҳи Раёсат ва шуъбаҳои ВКД аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд. 
Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсат полковники милитсия Шукрулло Раҳимзода чорабиниро ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки яке аз воситаҳои саривақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят ин аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқбаранда дуруст ва натиҷанок ба амал баровардани амали азназаргузаронии тафтишӣ ба ҳисоб меравад. 
Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса амали таъхирнопазири тафтишотӣ ба ҳисоб рафта, то оғози парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади дарёфт кардан, омӯхтан ва қайду мустаҳкам намудани изу пайи ҷиноят, муайян кардани ҳодиса ва шахсияти ҷинояткор, ангезаи ҷиноят ва дигар ҳолатҳои барои банду басти парвандаи ҷиноятӣ зарур гузаронида мешавад. Дуруст ва бо сифат ба иҷро расонидани ин амали тафтишотӣ ба ошкорёбии ҷиноят ва дастгир кардани шахси содиркунанда кӯмак мерасонад.
Дар ҷараёни чорабинии таълимӣ аз тарафи муфаттишони ботаҷрибаи шуъбаи тафтишот ва эксперт - криминалистони шуъбаи ташхиси криминалистии Раёсат қоидаҳои мурофиавӣ, принсипҳои асосии азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, амали муфаттиш ва аъзои гуруҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса, тактикаи азназаргузаронӣ, омӯзиши пайдарҳамии ҳолати ҷойи ҳодиса, истифодаи техникаи криминалистӣ, дарёфти далелҳо,  масъалаҳои асосие, ки ҳангоми азназаргузарони бояд ҳал карда шавад ва дигар хусусиятҳои амали тафтишии азаназаргузаронии ҷойи ҳодиса мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд. Ҳамчунин вобаса ба мавзӯъ мисолҳои воқеъӣ оварда шуда бо истифода аз суратлавҳа ва слайдтасвирҳои инъикоскунандаи ҷараёни азаназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд. 
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пуртаваҷҷуҳ ва дақиқкор будан ба манфиат аст. Хусусан ба ашёҳое, ки чун олоти ҷиноят истифода шудаанд, дар худ нишонаҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд, объекти содир шудани кирдори ба ҷомеа хавфнок буданд ё ашёҳое, ки барои ошкор намудани ҷиноят, муайян кардани ҳолати воқеъии парвандаи ҷиноятӣ, пайдо намудани аломатҳои дигари ба парванда аҳамият дошта, рад кардани айб ё сабук кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ восита шудаанд, бояд диққати махсус дода шавад.
Дастури дигар барои муфаттишон ҳангоми ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса он буд, ки  дар баробари ёрӣ расонидан ба ҷабрдида ва мусоидат дар бартараф намудани оқибати ҳодиса, ҷиҳати муҳофизати ҷойи ҳодиса ва изҳои ҷиноят чораандешӣ карда, аз ҷойи ҳодиса шахсони бегонаро берун кунад ва  корбарии гуруҳи фаврӣ тафтишотиро роҳбарӣ намуда, барои чораҳои таъхирнопазири тафтишотию криминалистӣ ва оперативӣ гузаронидан супориш диҳад. То ин ки ошкорёбии ҷиноят саривақт таъмин карда шавад.
Таъкид карда шуд, ки саривақт ва дуруст ба амал баровардани азаназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар муайян намудани самти тафтишот ва самаранокии натиҷаи  минбаъдаи тафтишот таъсир хоҳад гузошт. Зеро мақсади азназаргузаронӣ мустаҳкам кардани маълумотҳои воқеъӣ дар бораи вазъияти рух додани ҳодиса ва ҳолатҳои содир шудани кирдор мебошад, ки аҳамияти далелӣ доранд. 
Таҷрибаи тафтишотӣ нишон медиҳад, ки хатогӣ ва камбудиҳои ҳангоми азназаргузаронӣ аз ҷониби муфаттиш ё таҳқиқбаранда анҷом дода шуда ба тул кашидани муҳлати тафтишот ё дар баъзан маврид ноошкор мондани  баъзе ҷиноят оварда мерасонад.
Иштирокчиёни ҳамоиши таълимӣ дар доираи мавзӯъ дар баробари гирифтани маълумоти зарурии соҳавӣ ба маърӯзачиён вобаста ба мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шаванда савол дода посухҳои мушахаси методӣ гирифтанд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ вобаста ба тағйироту иловагиҳои қонунгузорӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

08.10.2025 13:08
55