Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани ҷавони 26-сола    

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар назди корхонаи “Оби ҷав” қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор-400 лайт”, ки арзишаш 3 ҳазору 140 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 26-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

08.10.2025 8:12
20