Таваҷҷуҳ!
Аз 8 то 10 октябр дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони олиқадр ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба шаҳри Душанбе бо воситаҳои нақлиёти шахсӣ ворид нагардида, аз воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ истифода намоянд.
















