Рух додани ду ҳодисаи фоҷиабори нақлиётӣ
5-уми октябри соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шевролет Оникс”, Ниёзалиев Ҳусниддин Ҳайдарқулович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Самарқанд, ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри мазкур аз самти деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работ ба самти маркази шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, таҳти идораи Абдуллоев Анис Шарифҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили воситаи нақлиёти тамғаи “ДЭУ-Тико”, Махкамова Шарофат Абдуллоевна, соли таваллудаш 1974, Махкамова Мақсатой Эргашевна, соли таваллудаш 1994 ва Эсенали Қизи Айпери, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Турсунзода дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Абдуллоев А.Ш. ва дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур, ноболиғон Махкамов Алиҷон Шарофович, соли таваллудаш 2008, Маҳкамова Фарзона Сайфиддиновна, соли таваллудаш 2016, Махкамов Анис Сайфиддинович, соли таваллудаш 2014, сокинони шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
6-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ХОВО”, Наҷмиддинов Баҳриддин Бадриддинович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Авғонободи ҷамоати шаҳраки Сомонии шаҳри мазкур ба самти маркази шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Файзиева Сайёҳат Халиловна, соли таваллудаш 1991, хурдсол Турсунов Хурсанмурод Бахтоварович, соли таваллудаш 2020 ва хурдсол Турсунзода Оиша Бахтовар, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, хурдсол Турсунов Х.Б. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















