Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани нафари гумонбар ба дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми октябри соли 2025, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 30 ҳазор сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9-С”, арзишаш 1 ҳазор сомонӣ, 1-адад айнак, арзишаш 370 сомонӣ ва 1-адад атриёт, ки арзишаш 100 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 31 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад.    
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

07.10.2025 8:37
19