Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати нафарони қаблан судшуда барои содир намудани ҷинояти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, қаблан бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур, қаблан бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 4-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 21:00, дар назди тарабхонаи «Насими Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур, қаблан соли 2024 бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ва “Комрон” ном шахс, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷангҷол намуда, ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд. 
Дар натиҷа «Комрон» ном шахс бо корд ҷавони 24-соларо  ба қисмати чапи шикамаш ва марди 27-соларо ба пояш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати ҷавони 24 ва марди 27-сола бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати «Комрон» ном шахс бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

07.10.2025 8:33
28