Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ дар РВКД дар вилояти Суғд

4-уми октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид. Сардори Раёсат генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло зимни маърузаи табрикотӣ зикр дошт, ки гиромидошт аз ин рӯйдоди соҳавӣ ба он хотир аст, ки хадамотҳои оперативӣ қувваи асосии сохтори мақомоти милитсия дар самти ошкорсозии ҷиноят ва муборизабаранда бар зидди унсурҳои ҷиноятӣ ба шумор рафта дар бисёр ҷиҳат обрӯ ва қудрати мақомот аз натиҷаи фаъолияти кормандони оперативӣ вобастагӣ дорад.
Ёдрас мешавем, ки 5 октябр Рӯзи таъсиси воҳидҳои оперативӣ мебошад ва ин сана дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки хадамотҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ бахши калидӣ бо куҳантарин таҷрибаи корӣ дар самти дастгиркунии афроди қонуншикан, ифшосозандаи асрори ҷиноят ва фаъолияти пардапӯшонаи шахсони алоҳидаи ҷинояткор ва гуруҳҳои ҷиноятӣ мебошанд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, 10 ноябри соли 1917 баъд аз таъсиси Комиссариати халқии корҳои дохилии Шӯравӣ барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 5 октябри соли 1918 дар сохтори мазкур Хадамоти кофтукови ҷиноятӣ созмон дода шуда буд.  Аз ин баъд 10 ноябр Рӯзи милитсия ва 5 октябр  Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ ҳамчун ҷашни соҳавӣ таҷлил карда мешаванд. Марҳила ба марҳила  хадамотҳои оперативӣ такмил ёфта, кормандони дар ин самт фаъолиятбаранда таҷрибаноку корозмӯда ва ҳамқадами замон бар зидди ҳамагуна унсурҳои ҷиноятии халалдорсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мубориза мебаранд.
Имрӯз  хадамотҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ дар сафи пеши мубориза бар зиди ҷинояткорӣ қарор доранд. Даврони соҳибистиқлоли дар баробари фароҳамсозии шароити мусоиди кору хизматрасонӣ дар назди онҳо вазифаҳои пурмасъул ба мисли ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини амнияту осоиштагӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ, барҳамзании ҳадафҳои ҷинояткорона, мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор, ки даст ба қатлу куштор, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, гаравгонгирӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ мезаданд гузошт. Тавре таҷрибаи фаъолияти амалӣ нишон медиҳад корманди оперативӣ ҳангоми иҷрои вазфа ҳаёти худро дар хатар гузошта рисолати касбияшро  анҷом медиҳад. То ин ки ҷиноякор беҷазо намонад ва ҷомеа аз идомаёбии кирдори ба ҷомеа хавфнок эмин бошад.
Маҳз зиракиву ҳушёрӣ ва малакаю маҳорати баланди касбии кормандони самти оперативист, ки бар зидди  ҳамагуна унсурҳои халалдоркунандаи тартиботу осоиштагӣ муборизаи беамон бурда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ҳифз карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо 90% ҷиноятҳо аз ҷониби ваколатдорони сохторҳои оперативӣ, аз ҷумла  бахши кофтукови ҷиноятӣ ошкор карда мешаванд. Ин нишондиҳанда бори дигар мавқеъи калидӣ доштани воҳидҳои оперативиро тасдиқ менамояд.
Дар рафти чорабинӣ аз мавқеъ ва фаъолияти хадамотҳои фаврии сохтори милитсия бори дигар ёдовар шуда, самаранокии фаъолияти милитсияро ба натиҷаи заҳмату талошҳои кормандони фаврӣ ва дастовардҳои оперативӣ нисбат доданд. Зеро маҳз саҳми арзандаи кормандони оперативӣ ҳаст, ки ҷиноятҳои содиргардида ошкор ва нафарони ҷиноят содир намуда дастгир гардида адолати иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
Имрӯзҳо дар сафи хадамотҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷумла милитсияи Суғд ҷавонони соҳибкасб ва дорои малакаю маҳорати баланди тахассусӣ кору фаъолият доранд. Ҳарчанд ҳамарӯза фаъолияташон ба хавфу хатар алоқаманд аст, уҳдадориҳои касбиро бо сарбаланди иҷро менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинӣ меҳнати шабонарӯзии як қатор кормандони шуъбаҳои оперативии раёсат, ҷузъу том ва шуъбаҳои  ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар рафти фаъолият ба натиҷа ва дастовардҳои назарраси хизматӣ ноил гардидаанд, бо Сипосномаю Ифтихорнома ҳавасманд карда шуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники  милитсия.

06.10.2025 14:39
39