Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи «Скутер» дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

2-юми октябри соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Қурбонов Гулоҷон Маруфович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Навкат ба самти ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен аз роҳи дуюминдараҷа автомашинаи тамғаи боркаши тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда Шарипов Далерҷон Камолҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи мазкур ба роҳи асосӣ баромада, ба дучархаи тамғаи «Скутер» бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер» Қурбонов  Г.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

04.10.2025 8:14
30