Фиреби шаҳрвандон бо сӯистифода аз боварӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки аз 18-уми майи соли 2024 то 8-уми майи соли 2025, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ауди Р-8”-ро ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро ба маблағи 38 ҳазор доллари амрикоӣ тариқи ғайринақдӣ ва маблағи 113 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ба ҷабрдида 1-адад манзили истиқоматӣ аз ҳудуди шаҳри Душанбе гирифта медиҳад.
Аммо гумонбаршаванда дар муҳлати ваъдакардааш манзили истиқоматиро ба ҷабрдида надода, пас аз муроҷиатҳои чандкаратаи ҷабрдида, гумонбаршаванда 1-адад шартнома оид ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёнаи шахсӣ дар шаҳри Душанбе аз 11-уми июни соли 2025, дар ному насаби ҷабрдида тайёр карда, бе расиди супоридани маблағи пулӣ додааст.
Гумонбаршаванда ба ҷабрдида танҳо як шартномаи холии манзили истиқоматӣ, ки расиди супоридани маблағи пулиаш мавҷуд нест, дода автомашинаҳои аз ҷабрдида гирифтаашро ба дигар шахсон фурӯхта, маблағҳои муфт ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 68 ҳазор доллари амрикоӣ ва 113 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аз 25-уми июли соли 2017 то 10-уми ноябри соли 2018, дар чанд марҳила марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 367 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ширкати “Унигуе Финанс” ҳамчун мизоҷ ӯро ба қайд гирифта, маблағашро ду баробар зиёд карда медиҳад, аммо гумонбаршаванда маблағи мазкурро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 46-солаи шаҳрвандаи Федератсияи Россия ворид гардидааст, ки аз 19-уми декабри соли 2023 то 20-уми ноябри соли 2024 дар чанд марҳила марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ равғанҳои муҳаррики автомашинаҳоро ба маблағи 2 милиону 415 ҳазору 710 сомонӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 846 ҳазору 472 сомониашро пардохт карда, ваъда додааст, ки боқимонда 1 миллиону 569 ҳазору 238 сомониро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















