Ҷавобгарӣ барои ташкил намудани фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 31-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони ташкил намудани фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми августи соли 2025, тахминан соати 14:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 45-сола ва зани 28-солаи сокинони ноҳияҳои Вахшу Данғара барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, бар ивази хизматаш 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















