Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи V-уми Бозии байналмилалии футзали сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Волгоград

Дар варзишгоҳи «Динамо»-и шаҳри Волгоград маросими тантанавии анҷоми марҳилаи V-уми Бозии байналмилалии футзали сохторҳои қудратӣ баргузор гардид, ки ба ёди футболбози машҳури шӯравӣ Лев Иванович Яшин бахшида шуд.
Дар давоми се рӯз дар шаҳри қаҳрамон – Волгоград барои дарёфти унвони беҳтарин футболбозон ва соҳиб шудан ба Ҷом, 23 дастаи намояндагони сохторҳои қудратӣ — беш аз 230 варзишгар аз тамоми минтақаҳои Россия, инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон, Беларус ва Сербия иштирок намуданд. Мусобиқа миёни мардон дар ду гурӯҳи синнӣ баргузор гардид: то 40-сола ва аз 40-сола боло.
Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия (ФСИН) ва Ҷамъияти варзишию бадантарбияи умумироссиягии «Динамо» мебошанд.
Спонсори генералии мусобиқа ПАО «Сбербанк» мебошад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа муовини директори ФСИН-и Россия, генерал-лейтенанти хидмати дохилӣ Александр Матвеенко, муовини раиси ВФСО «Динамо» Николай Толстих, корманди шоистаи соҳаи варзиши Федератсияи Россия Юрий Чуприна, сардори Раёсати ФСИН Россия дар вилояти Волгоград, полковники хидмати дохилӣ Сергей Коновалов, муовини роҳбари дастгоҳи губернатори вилояти Волгоград, президенти Федератсияи футболи Волгоград Михаил Шабунин, шаҳрванди фахрии шаҳри Волгоград, раиси Шӯрои собиқадорони Ҷамъияти «Динамо»-и вилояти Волгоград Юрий Староватих ва меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Барои дастгирии дастаҳои худ роҳбарони сохторҳои қудратӣ низ ҳозир буданд.
Бар пояи натиҷаҳои мусобиқа:
Дар гурӯҳи синни то 40-сола:
Ҷойи аввалро дастаи Вазорати корҳои дохилии Россия (ВКД) соҳиб шуд;
Ҷойи дуюм насиби дастаи яккачини муассисаҳои таълимии ФСИН гардид;
Ҷойи сеюмро дастаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Қалмик ба даст овард.
Дар гурӯҳи синни 40-сола ва калонтар:
медали тилло насиби дастаи Вазорати корҳои дохилии Россия (ВКД) шуд;
Ҷойи дуюмро дастаи Хадамоти муҳофизати федеролии Россия (ФСО) ишғол намуд;
Ҷойи сеюм ба дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Илова бар ин, бозингарони беҳтарин бо ҷоизаҳо ва Ифтихорномаҳои инфиродӣ қадрдонӣ шуданд.
Ғолибон бо ҷомҳо, медалҳо ва ифтихорномаҳои шоиста дар зери кафкӯбиҳои пуршӯри мухлисон сарфароз гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Александр Матвеенко ғолибон ва ҷоизадоронро бо пирӯзиашон табрик гуфта, зикр кард, ки ҳар сол шумораи дастаҳо ва ҷуғрофияи мусобиқа васеъ шуда, сатҳи маҳорати варзишии иштирокчиён низ боло меравад.

03.10.2025 14:31
72