Ноболиғи 16-сола даст ба дуздӣ зад
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ муроҷиат намудааст, ки 1-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз саҳни манзили истиқоматиаш 1-адад мототсикли дучархаи тамғаи “Дайелин”, ки арзишаш 5 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 25-уми августи соли 2025, тахминан соати 21:20-дақиқа, аз саҳни ҳавлии марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ 1-адад мототсикли дучархаи тамғаи “Дайелин”, ки арзишаш 4000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















