Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани се ҳодисаи нақлиётии марговар

27-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Хоҷаев Аҳмадҷон Алиҷонович, соли таваллудаш 1996, ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Саидов Ҷумахон Раҷабович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаҳо ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Одинаев Диловар Давлатмуродович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маниёзов Абдуқодир Арабович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
27-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дайво-Ласетти”, Хайруллоев Беҳрӯз Салоҳиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ ҳудуди дар ноҳияи Шаҳринав пиёдагарди ноболиғ Юсупов Умедҷон Маҳмадович, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Юсупов У.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
28-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Боқиров Муртазо Толибович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Панҷакент-Айнӣ” дар ҳудуди деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», таҳти идораи Куҷов Хидирназар Холмаҳмадович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте» Куҷов Х.Х. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Кучов Холмаҳмад Раҷабович, соли таваллудаш 1951, сокини шаҳри Панҷакент ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Боқиров М.Т. ва мусофираш Боқиров Мирмуҳаммад Толибович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

29.09.2025 8:24
30