Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мактуби ҶДММ “Реал-Трейдинг” ворид гардидааст, ки марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур аз моҳи марти соли 2020 то моҳи сентябри соли 2023 дар вазифаи намояндаи тиҷоратӣ дар ҶДДМ-и мазкур фаъолият карда, аз мағозаҳои хӯрокворӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ маблағҳои гуногунро гирифта ба хазинаи ҶДММ ворид накарда, азонихуд намудааст.
Зарари расонидашуда 37 ҳазору 510 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















