Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”
Аз 24 то 26-уми сентябри соли 2025 дар Осоишгоҳи “Садбарг”-и ВКД, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасӣ намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, адлия ва Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе, ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло оғоз намуда, ба иштирокдорон барои ширкаташон миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин иштирокчиён барои маълумоти бештар пайдо намудан вобаста ба лоиҳаи мазкур таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.



















