Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
26-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Баҳроми Маҳмадсалим, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳ баромада, баъдан ба ҷаррии тахминан 200 метр сарозер гаштааст, ки дар натиҷа ронанда Баҳроми М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


















