Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми июли соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаҳои тамғаи “Ренҷ ровер Спорт”, ки арзишаш 280 ҳазор сомонӣ ва як адад автамашинаи тамғаи “Опел Астра Н”, ки арзишаш 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки маблағашро дар  муддати 15 шабонарӯз бармегардонад, аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накарда, 217 ҳазор сомониашро дода, боқимонда маблағи 118 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Айнӣ даромада, аз ӯ  200 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Рав-4»-ро ба маблағи ғайринақдӣ 230 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба мӯҳлати 15 шабонарӯз гирифта то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин гумонбаршаванда такроран моҳи ноябри соли 2024 ба боварии ҷабрдида даромада дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо баҳонаи ба бемории вазнин гирифтор шудани фарзандаш маблағи пулии 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.09.2025 8:23
45