Ҳалокати ронандаи мототсикл дар ҳодисаи нақлиётӣ
24-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 21:00, ронандаи мототсикли дучархаи муҳаррикдор Раҷабов Али Хурсандович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, таҳти идораи Маматқулов Абдурасул Назарович, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Раҷабов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














