Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини ноҳияи Н.Хусрав 18-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 21:00, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, ба хонаи хусураш марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.09.2025 8:48
20