Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба ғоратгарӣ задани ду нафар

25-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 10:00, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва рафиқаш марди 31-солаи сокини ноҳияи Файзобод, кормандони “Евро Қолин” бо маслиҳати пешакӣ ҳамкорашон марди 28-солаи сокини ноҳияи Фархор, корманди “Евро Қолин”-ро, ки хусумати шахсӣ доштаанд дар корхонаи мазкур бо корди хоҷагӣ ба шикамаш ду маротиба зарба зада, телефони мобилии тамғаи “Хонор-50”, ки арзишаш 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

26.09.2025 8:47
17