Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бо гумони қасдан расониданин зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:45-дақиқа, бо марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, ба воситаи корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















