Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар  

23-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 19:48-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-Сантафе», Шарипов Эраҷ Амруллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дар болои пули «Андарсой» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони тақсимкунии шоҳроҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Шарипов Э.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Тико”, Шоев Фазлиддин Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми  ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Шаҳринав ба самти ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Қосимов Турсунмурод Амондавлатович, соли таваллудаш 1962, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қосимов Т.А. ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
24-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 07:00, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла”, Ҳикматов Комилҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба қисмати оқиби автомашинаи мусофиркаш (автобус), ки ба Қодиров Абдул Одилович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ҳаракат мекард, бархӯрда, боз аз уҳдаи идораи ҳаракати автомашинааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Шакман”, ки ба Одинаев Олим Идиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошта, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилилояти Суғд бо роҳи худаш ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла” Ҳикматов К.Р. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Раҷабов Исломҷон Иркинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Спитамен ва Ҳафизова Сарварби, соли таваллудаш 1941, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

25.09.2025 8:18
52