Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 30-юми майи соли 2025, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс ҶЛС”-ро ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 25 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ боқимонда маблағи 45 ҳазор доллари амрикоиро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодексти ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.09.2025 8:14
18