Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 34-сола барои азонихудкунии маблағи корхона 

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ мактуби корхонаи ҶДММ “Тоза бош” ворид гардидааст, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба ҳайси намояндаи савдо дар ширкати  мазкур кор ва фаъолият намуда, маҳсулотҳои гирифтаашро дар мағозаҳо ва дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе тақсим намуда, маблағҳои ба даст овардаашро ба ширкати мазкур насупорида, азонихуд намудааст. 
Дар натиҷа ба ширкати мазкур 56 ҳазору 373 сомониву 60 дирам зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда  шуд, ки гумонбаршаванда ҳамчун намояндаи фурӯши маҳсулот дар корхонаи соҳибкории инфиродии марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар бозори “Фаровон” кор ва фаъолият намуда, аз дигар мағозаҳо фармоиш гирифта, ба онҳо маҳсулот бурда маблағашро азонихуд намуда, ба манфиати шахсияш сарф намудааст. 
Дар натиҷа, гумонбаршаванда ба ҷабрдида ба маблағи 12 ҳазору 514 сомонӣ зарар расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.09.2025 8:12
18