Дастгир гардидани ҷавонзани 23-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми сентябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 200 доллари амрикоӣ, 5 ҳазор рубли русӣ ва 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















