Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 25 сола бо ҷурми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи ноҳияи Спитамен, ҷойи кораш корманди масъули фурӯши хонаҳо дар ҶДММ «Ширкати сохтмон сифат», воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 19-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 12:00, дар бинои ҶДММ мазкур қарор дошта, бо марди 62-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, манзили истиқоматии як ҳуҷрагиро аз коргоҳи мазкур ба маблағи 6 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти идома дорад.

24.09.2025 8:28
43