Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ      

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2025 шахсони номаълум ба роҳи пинҳонӣ вориди мағози хӯроквориаш шуда, аз он ҷо маҳсулотҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 57 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз чониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро 17 писарбачаи ноболиғ ва ду ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат содир намуданд. 
Инчунин гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ вориди мағози хӯроквории марди 49-солаи сокини шаҳри Ваҳдат шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 55-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 64 халта шакарро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз чониби кормандони милитсия ҷавони 23 ва ноболииғи 17-солаи сокинони ноҳияи Ҷ,Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

24.09.2025 8:25
27