Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
21-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “OPEL-ASTRA”, Сафаров Эмомалӣ Маҳмасаидович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идори воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ автомашинаашро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба ин монанд рӯзи 21-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес Бенс-С300», Нуралиев Рустам Миралиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Панҷ, дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Бобокалонови шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат ба самти деҳаи Равоти шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Содиқова Нигора Зарифҷоновна, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин шаҳрро, ки бо ҳамроҳии фарзанди хурдсолаш Ғафуров Нурмуҳаммад Фаррухович, соли таваллудаш 2025 дар канори рости роҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Содиқова Н.З. ва хурдсол Ғафуров Н.Ф. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
22-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, Рустамзода Наҷибулло Давлатшо, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бобошоҳиёни ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаркати роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи Бурҳонов Кароматулло Хуҷамуродович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Бурҳонов К. ва мусофирони автомашинаи мазкур Иброҳимова Наргис Шерназаровна, соли таваллудаш 1995 ва Забирова Давлатбибӣ Довутовна, соли таваллудаш 1971, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин мусофирони дигари ҳамин автомашина Нуриддинов Мирзоҳисайн Саймуминович, соли таваллудаш 1981, Гулова Гуландом Азамовна, соли таваллудаш 1983, Саймуминзода Панҷшер Мирзоҳисайнович, соли таваллудаш 2020 ва Қаюмов Эмомназар, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шудаанд.
22-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Рӯзибоев Шуҳратҷон Шавкатҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар километри 277 аз самти ноҳияи Спитамен ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда истода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Толибов Юсуф Олимҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Деваштич, ӯ низ сабқат карда ба муқобили роҳ мебарояд, бо ҳамдигар бархӯрдаанд.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Рӯзибоев Ш.Ш. ва мусофири автомашинаи мазкур Раҳмонов Муҳриддин Султонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Спитамен, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс» Толибов Ю.О. ва мусофири автомашинаи мазкур Ёқубов Меҳроб Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















