Истиқболи Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
22-юми сентябри соли 2025 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александровичро пешвоз гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардар, ташриф овардааст.
Зимни истиқболи гарму самимӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович ва ҳайати кории ин кишварро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду вазорат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ боз ҳам тақвият ёфта, дар ин замина натиҷаҳои назаррас ба даст хоҳад омад.

















